Барраии парвандаи гражданӣ

Барраии парвандаи гражданӣ

Баррасии парвандаи гражданӣ таҳти раисии Мирзоҳомидзода Д. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар бинои Суди шаҳри Панҷакент баргузор гардид.

Раисикунанда парвандаи гражданиро бо аризаи Ш.К., шахси манфиатдори ба парванда ҷалбкардашуда Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оиди муқаррар намудани ҳолати марбутияти ҳучҷати ҳуқуқмуқарраркунанда, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баррасӣ намуд.

Аризадиҳанда Ш.К. ба суд муроҷиат намуда хоҳиш намудааст, ки марбутияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда яъне китоби қайди музди меҳнати колхози “Рӯдакӣ”-и шаҳри Панҷакент ва хоҷагии деҳқонии “Панҷрӯд” барои солҳои  1991-1998, ки дар он ному насабаш нодуруст ҳамчун З.К. дарҷ гардидааст, ба ӯ Ш.К.  муқаррар карда шавад.