Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан

Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан

Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати С.К. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки С.К. санаи 22.04.2021 сол тахминан соати 10:33 дақиқа бо автомашинаи тамғаи ЧАНХУ» рақами қайди давлатиаш 5006 НС 02 дар роҳи мошингарди Панҷакент – Айнӣ бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки дар натиҷа ин ҳолат аз ҷониби мутахассиси ШХДНТСН-и минтақаи Зарафшон дар ш.Панҷакент муайян карда шуда нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.К. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.