Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан 

Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан 

Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Х.Ғ. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки Х.Ғ. санаи 13.05.2024 сол тахминан соати 09:10 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Дамас» рақами қайди давлатиаш 5073 КЕ 02 дар роҳи мошингарди Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Х.Ғ. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.