Бе иҷозатнома машғул шудан  ба фаъолияти мусофиркашонӣ

Бе иҷозатнома машғул шудан  ба фаъолияти мусофиркашонӣ

Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати А.Б. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки А.Б. санаи 14.04.2026 сол соати 08:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «ДЭУ — Сиело» дар роҳи мошингарди Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Б. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.