БО МАҚСАДИ ИСТИҚБОЛИ  САЗОВОР АЗ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

БО МАҚСАДИ ИСТИҚБОЛИ  САЗОВОР АЗ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бо наздик шудани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саросари мамлакат корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо шиддати бештар идома доранд. Ин чорабиниҳо бо мақсади зебо ва замонавӣ гардондани зистгоҳи мардум, таҳкими инфрасохтор ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ мегарданд.

Дар ҳар як шаҳру ноҳия нақшаи мушаххаси созандагӣ таҳия шуда, садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва иқтисодӣ бунёд ё таъмир карда мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои таъмиру азнавсозии Суди шаҳри Панҷакент оғоз гардид, ҳоло корҳои дигари сохтумонӣ идома дорад.

Ин ҳама нишон медиҳад, ки Истиқлолият барои халқи тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки муҳаррики асосии рушду тараққӣ аст.

Кормандони Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд саъю кӯшиш доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва муҳити ободу пешрафта истиқбол гиранд.