Бе рақами давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Бе рақами давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Ҳуқуқвайронкунанда М.Ф. санаи 11.05.2022 сол соати 10:42 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай – Старекс» рақами қайди давлатиаш 9922 СO 02-ро дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент бе рақами қайди давлатӣ идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда М.Ф.-ро бо моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноайён пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.Ф. дар доираи раводиди моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.