ДОМОД ХОНАИ ХУШДОМАНРО ОТАШ ЗАД

                                                                          Рашку хусумат нисбати собиқ ҳамсар ва аъзои оилаи ӯ

                                                                          маҷбур сохт, ки ҳавлии хушдоманро оташ зада бо ин

                                                                          кирдори бадқасдона худро тасаллӣ диҳад.

 

ДОМОД  ХОНАИ  ХУШДОМАНРО  ОТАШ  ЗАД

       Дар маҷлиси ошкори судӣ, толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҷинояти нисбати Р.Б. истиқоматкунандаи ш.Панҷакент  миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор оиладор соҳиби 1 нафар фарзанд, қаблан соли 2011 бо ҳукми суди ш.Истаравшан маҳкум гардидааст, бо моддаи 255 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи судӣ қарор гирифт.

       Судшаванда Р.Б. дар ҳолати ретсидив ҷиноятро содир намудааст. Ӯ соли 2016 бо ҳамсараш расман ақди никоҳашонро бекор намуда, барои дидорбинии фарзанди хурдсолаш Р.П. соли таваллудаш 2011 ба манзили истиқоматии собиқ ҳамсараш рафта, бо аъзоёни оилаи ҳамсараш, яъне бо хушдоманаш Х.Ҳ. якчанд маротиба муноқиша ва ҷангҷол карда, нисбати оилаи онҳо хусумат пайдо мекунад. Сипас 5 августи соли 2017 собиқ ҳамсараш бо марди дигар оила барпо менамояд. Судшаванда худи ҳамон рӯз оиди ба шавҳар баромдани собиқ ҳамсараш бохабар гашта, ба ғазаб омада, тахминан соати 20-00 дақиқа, назди манзили истиқоматии собиқ ҳамсараш рафта, аз ҷойи кушод вориди ҳавлии мазкур гашта, бо мақсади қасдан нести нобуд кардани молу мулки ин оила бо роҳи оташ задан, вориди оғилхона мегардад. Сипас, каҳҳои хушкшудаи дар дохили он бударо қасдан оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, алангаи оташи оғилхона аз ҷониби сокинони деҳа хомуш карда мешавад. Тахминан соати 22-00 дақиқа судшаванда аз ҷониби сокинони деҳаи мазкур ба ҳавлии оташзада оварда мешавад ва ӯ дар ҳузури мардум оиди оғилхонаро бо истифодаи гӯгирд оташ задан иқрор мегардад. Бо ин кирдораш ба собиқ хушдоманаш Х.Ҳ. зарари ҷиддӣ ба миқдори 6062 (шаш ҳазору шашсаду ду) сомонӣ расонидааст.

     Мутобиқи хулосаи Хадамоти оташнишонии ш.Панҷакент аз рӯи таҳлил ва омӯзиши маводҳои пешниҳодгардида, азназаргузаронии ҷои ҳодиса, ҳолати сабаби сухтор аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, беэҳтиётона рафтор ба оташ аз назар дур аст. Сабаби сар задани ҳодисаи сӯхтор дар хошокхонаи манзили истиқоматии Х.Ҳ. мувофиқи баёнотҳо гуфтаҳои шоҳидон таҳқиқи ҷои ҳодиса, қасдан оташ задан мебошад. Мутобиқи хулосаи экспертизаи бисёрсоҳавӣ (комплексӣ) сохтмони молшиносӣ дар бораи муайян намудани арзиши зарари расонидашуда, зарари дар маҷмӯъ ба Х.Ҳ. расонидашуда 6062 (шаш ҳазору шашсаду ду) сомониро ташкил медиҳад.

         Дар мурофиаи судӣ судшаванда Р.Б. худро дар содир намудани ҷиноятӣ бо моддаи 255 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинигардида пурра айбдор шуморида, сидқан пушаймон шуд. Суд  ҳаматарафа маводро санҷида, судшаванда Р.Б.-ро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 255 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо адо кардани ҷазо дар коллонияи ислоҳи низомаш сахт таъин кард.

           Судяи суди ш.Панҷакент                                              Махсудӣ Ф.