Худсарона ва ғайриқонунӣ буридани дарахт

Худсарона ва ғайриқонунӣ буридани дарахт

Судшаванда Х.Ж. санаи 12.01.2024 сол аз ҳудуди ҳамшафати заминҳои манзили истиқоматиаш, ки мансуди Ҷ/д Х.Ҳасани ш.Панҷакент 3-адад дарахтони сабзидаистодаи сафедори қутрҳояш гуногун, ки буридани онҳо манъ карда шудааст, худсарона ва ғайриқонунӣ бурида, бо ин кирдораш ба манфиати давлат 2448 сомонӣ зарари моддии ҷиддӣ расонидааст.

Суд кирдори судшаванда Х.Ж.-ро бо моддаи 234 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ буридани дарахт ё ҳамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онҳо имконпазир гардидааст, инчунин дарахте, ки буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарарӣ чиддӣ расонида шудааст, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Х.Ж. бо моддаи 234 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.