Иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, боиси идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ аз тарафи ноболиғ гардид

Иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, боиси идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ аз тарафи ноболиғ гардид

Мувофиқи моддаи 8 сархати 19–уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадоранд ба фарзанди гирифтани  шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро иҷозат надиҳанд.

Санаи 22.02.2020 сол аз ҷониби прокурори дар ш.Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Панҷакент муайян карда шудааст, ки ноболиғ Ш.О.С. 20 майи 2003 соли таваллудаш  дар ҳудуди Ҷамоати Амондара деҳаи Зарринруд ба идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ машғул шудааст.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби прокурори ш.Панҷакент нисбати падари ноболиғ Ш.С. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ш.С.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ш.С. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.