Иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад

Иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои

ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад

М.А. аз моҳи сентябри соли 2017 то инҷониб дар мағозаи хӯроквориаш воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент Ҷамоати деҳоти Суҷина, деҳаи Суҷина ба фурӯши молу маҳсулоти хўрока машғул шуда, санаи 01.03.2019 сол бархилофи талаботҳои қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳукуқи истеъмолкунандагон амал намуда, дар мағозаи хӯроквориаш воқеъ дар суроғаи дар боло зикршуда маҳсулоти хӯроквории зерини муҳлати истеъмолашон гузашта, аз қабили 11 адад маҳсулоти гӯштии ҳасиби намуди “Ориёни” вазни умумиаш 21,225 кг, нархи як килограмаш 15 сомонӣ бо арзиши умумии 318,2 сомонӣ истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 адад ҳасиби намуди “Ганҷ” вазни умумиаш 4,95 кг бо арзиши як килограмаш 25 сомонӣ ба маблағи умумии 123,75 сомонӣ истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ ду намуд ҳасиб ба маблағи умумии 442,125 сомонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгуй набуда, истеъмоли маҳсулотҳои зикргардида ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок буда, боиси заҳролудшавии истеъмолкунанда ва гирифтори бемориҳои меъдаву рӯда ва дарунравӣ мегардад, ба фурӯш гузоштаст, ки маҳсулотҳои зикршуда аз ў дар асоси санад гирифта шудааст.

Тибқи хулосаи ташхиси судӣ-молшиносӣ, аз 11.03.2019 сол фурӯши маҳсулотҳои мазкур ғайриқонунӣ буда, истеъмоли онҳо бинобар гузаштани мӯҳлати истеъмолашон ва ба худ гирифтани буйи ғализ барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок дониста шудааст. Инчунин, тибқи хулосаи ташхиси судӣ-сифатшиносӣ аз 11.03.2019  сол бошад, маҳсулотҳои дар боло зикршуда бинобар вайрон шудани таркибашон истеъмолаш барои саломатии инсон хатарнок дониста шуда, боиси гирифтори бемориҳои рўда, дарунравӣ ва заҳролудшавӣ гаштанаш мумкин аст.

Мувофиқӣ  талобати моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулотҳои хурокворӣ” – Маҳсулоти хӯрокворие хатарнок ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба саломатии инсон зарарнок ва (ё) барои истеъмоли инсон номувофиқ бошанд ва зимни истеъмол намудан ба бемории меъдаву руда, дарунравӣ ва заҳролудшавӣ гирифтор кунанд.

Ғайр аз ин, тибқи талаботи қонунгузорӣ оид таъмини санитарию эпидемиологии аҳолӣ соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар фаъолияти худ уҳдадоранд, ки барои инсон бехатар будани озуқа ва моли таъноти шахсӣ ва маиширо ҳангоми истеҳсол, интиқол, нигоҳдошт ва фуруши мол ба аҳоли таъмин намоянд ва ҳангоми истеҳсол, харид, нигоҳдошт, интиқол, фурӯши моли озуқаворӣ ва оби нушоки, иловагиҳои озуқавӣ, ашёи хоми озуқави, ашёи хоми озуқа ва маводу моли бо онҳо робита дошта, қоида ва меъёрҳои санитариро иҷро намоянд, ҳамчунин ҷиҳати таъмини сифати онҳо тадбирҳо андешанд.

Дар асоси моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”–“Фурӯхтани мол (иҷрои кор) баъди гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле (иҷрои коре), ки бояд ба он мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоями муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардида аст, манъ аст”. Вале, Малихонов А.Э. талаботҳои муқаррарнамудаи қонунҳои дар боло зикршударо дағалона вайрон карда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар гузоштааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд М.А.  бо моддаи  209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат бо  маҳрум кардан аз  ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шуд.