Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона

Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона

Ҳуқуқвайронкунанда Д.Қ. санаи 11.05.2022 сол соати 10:52 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «КИА – Моторс» рақами қайди давлатиаш 8199 АВ 02-ро дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент бо рақами қайди давлатии бегона идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири РХД ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Д.Қ.-ро бо моддаи 313 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Д.Қ. дар доираи раводиди моддаи 313 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.