Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Судяи суди шаҳри Панҷакент Зоирзода М.Я. дар муҳокимаи ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро нисбат ба К.М. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро баррасӣ намуда, судя муайян кард, ки К.М. автомашинаи тамғаи «Опел Астра» — ро санаи 07 июни соли 2020 дар шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ идора кардааст,  ки ин ҳолатро протоколи муоинаи тиббӣ барои тасдиқ намудани далели ҳолати мастӣ тасдиқ менамояд.

Дар натиҷа зимни боздошт ҳолати мастии ӯ аз ҷониби нозири ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ошкор карда шуда, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида тартиб дода шудааст ва дар ин  хусус парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Судя, баёноти ҳуқуқвайронкунандаро шунида, маводҳои парвандаро омўхта, ба далелҳои тадқиқотшуда  ҳаматарафа, пурра баҳо дода, мутобиқи эътиқоди ботинии худ кирдори содиркардаи ҳуқуқвайронкунанда  Комилов Мавлонберди Раҳмонбердиевич-ро бо аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбининамудаи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд, ки раводиди моддаи мазкур ҷазоро дар намуди ҷарима, ҳабси маъмурӣ, бо маҳрум кардан  аз ҳуқуқи  идораи воситаҳои нақлиёт   пешбинӣ менамояд.

Бо дастрасии моддахои 140-142,148-150 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  судя қарор кард,   К.М дар содир намудани хукуквайронкунии маъмурии бо моддаи  332  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахгор дониста шуда,  ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди  ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 17400(ҳабдаҳ ҳазору чорсад) сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи  идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол, таъин   карда шавад.