Маҳруми аз озодӣ барои ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои нашъадор
Маҳруми аз озодӣ барои ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои нашъадор
Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятиро нисбати М.Ш. бо моддаҳои 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Оиди ҳаракатҳои ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул будани М.Ш., ба кормандони ШКҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, маълумоти оперативӣ ворид гардидааст, ки баҳри ошкор намудани кирдорҳои ҷинояткоронаи охирин амалиёти оперативии “харидории озмоишӣ” ба нақша гирифта шуда, ба ин амалиёт ба сифати харидори шартӣ шаҳрванд бо номи “Баха” ворид карда шудааст. Мувофиқи нақшаи амалиёти оперативӣ харидори шартӣ “Баха” аввалҳои моҳи ноябри соли 2022 бо М.Ш., дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Панҷакент, ба маблағи 2600-сомонӣ дар як селофан, ки дар дохилаш як зарфи шишагини ғунҷоишаш дулитра, ки дар дохилаш 190 грамм маводи майда кардашудаи растанигии рангаш сабз, хушконидашудаи бӯи ғализдошта мавҷуд буданд ва инро ҳангоми дар саҳрои деҳаашон будан аз Элбой ном шахс харид кардааст ва як селофани рангаш сиёҳ, ки дар дохилаш 71,8 грамм маводи майдакардашудаи растанигии рангаш сабз, хушконидашудаи бӯи ғализ дошта мавҷуд буданд ва инро дар заминҳои ҷувориаш кишт карда буда, бо худ нигоҳ медоштааст, соҳиб шудааст. Худи ҳамон рӯз воситаҳои нашъадори мазкур аз харидори шартӣ бо тартиби муқарраршуда аз тарафи кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, гирифта мешаванд.
Суд кирдори судшаванда М.Ш.-ро бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба микдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд.
Ба судшаванда М.Ш. мувофиқи ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 