Маҳруми аз озодӣ бинобар пардохт накардани маблағи алимент

Маҳруми аз озодӣ бинобар пардохт накардани маблағи алимент

Таҳти раисии муовини раиси суд Пӯлодӣ Т.С. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Б.С. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Бо ҳалномаи суди ш.Панҷакент аз 6 октябри соли 2017 аз ҳисоби судшаванда Б.С. ба манфиати собиқ ҳамсараш З.Д. барои таъминоти се нафар фарзандонаш ҳар моҳ аз 14.09.2017 сол саркада, то ба балоғат расидани кӯдаконаш ба андозаи 160 (яксаду шаст) сомонӣ ба ҳар як кӯдак, ҷамъ 480 сомонӣ алимент ба тариқи устувор рӯёнида шудааст.

Аммо судшаванда Б.С. санади судиро бадқасдона иҷро накарда, новобаста аз огоҳкунии чандинкаратаи иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент, аз супоридани маблағи алимент барои таъминоти фарзандонаш бадқасдона ва бидуни саббаҳои узрнок саркаши намудааст, ки қарзи маблағи алимент 3600 сомониро ташкил додааст, ки барои зиёда аз 59 моҳ мебошад.

Раводиди моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст пешбинӣ менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Б.С.  бо моддаи  177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.