Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятиро нисбати Д.А. бо моддаҳои 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд, ки судшаванда Д.А. 15.03.2020 сол аз даромадгоҳи даро қафои бозори марказии шаҳри Панҷакент аз таги девор як адад пакети селофании рангаш сиёҳ, ки дар дохилаш бастаи селофании шаффофи дорои воситаи нашъадори навъи афюн ҷой карда шуда буд дарёфт намуда, онро бо мақсади истеъмоли шахсиаш ба манзили зисташ интиқол дода, як миқдори камашро бо роҳи бо чой омехта кардан истеъмол карда, боқимондаашро дар кисаи шими варзишиаш гузошта, то санаи 17.03.2020 сол ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.

Санаи 17.03.2020 сол соати 18-00 дақиқа он шими варзишие, ки дар кисааш воситаи нашъадорро гузошта будааст, пӯшида бо корҳои шахсиаш ба ҳудуди кучаи Қоқурии ш.Панҷакент омадааст, ки аз ҷониби кормандони АНМНН Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда  шудааст.

Мувофиқи хулосаи судӣ-кимёвии ГТК ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Панҷакент, таҳти №17 аз санаи 25.03.2020 сол маводи аз ӯ гирифта шуда, ба воситаи нашъадори навъи «афюн» мансуб буда вазни хоси он 30 (сӣ) граммро ташкил додааст.

Суд  кирдори судшаванда Д.А.-ро бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам, банду баст менамояд.

Ба судшаванд мувофиқи ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.