Мурофиаи сайёри судӣ бо парвандаи гражданӣ

Мурофиаи сайёри судӣ бо парвандаи гражданӣ

Баррасии парвандаи гражданӣ таҳти раисии Мирзоҳомидзода Д. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид.

 Раисикунанда парвандаи гражданиро бо аризаи Исломова Қурбонгул Бозоровна, шахси манфиатдори ба парванда ҷалбкардашуда Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оиди муқаррар намудани ҳолати марбутияти ҳучҷати ҳуқуқмуқарраркунанда, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баррасӣ намуд.