Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Мувофиқи сархати 4 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадоранд риояи пўшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд.

Санаи 15.04.2024 сол фарзанди И.М. хонандаи синфи 9 МТМУ №33-и ш.Панҷакент бе либоси ягонаи мактабӣ ба машғулиятҳои дарсӣ иштирок намудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда И.М.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда И.М. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда шуд.