Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Мувофиқи моддаи 8 сархати 11–уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадоранд кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати таҳрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд.

Санаи 31.01.2022 сол аз ҷониби ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Панҷакент муайян карда шудааст, ки ноболиғ Ҷ.О. ба хонаи Қ.О. рафта байни ҳамдигар ҷанҷол намудаанд.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби сардори ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент нисбати Ҷ.Ё. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Ё.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Ё. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда шуд.