Пешбурди хоҷагии умумӣ дар як вақт бо се зан

Пешбурди хоҷагии умумӣ дар як вақт бо се зан

Таҳти раисии муовини раиси суд Пӯлодӣ Т.С. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда А.Р. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда А.Р. соли 1985 бо шаҳрванд Г.С. сокини  ҷ/д Шинг  ақди никоҳи расмӣ баста, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби 7 нафар фарзанд шуда, айни ҳол якҷоя зиндагони доранд.

Дар баробари ин судшаванда А.Р. бар хилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ амал намуда, принсипи якканикоҳиро вайрон намуда, моҳи январи соли 2003 бо шаҳрванд Х.Ш. сокини  ҷ/д Шинг ақди никоҳи мусулмонӣ баста, то инҷониб хоҷагии умумии якҷоя пеш бурда истодааст.

Ба ғайр аз ин, судшаванда А.Р. санаи 02.03.2019 сол бо шаҳрванд А.А. сокини ҷ/д Шинг ақди никоҳи мусулмонӣ баста, то санаи 20.03.2019 сол якҷоя бо пешбурди хоҷагии умумӣ зиндагони кардааст.

Ҳамин тариқ судшаванда А.Р. дар як вақт бо се зан, яъне Г.С., Х.Ш. ва А.А.  сокинони  ҷ/д Шинг шаҳри Панҷакент зиндагони карда хоҷагии умумӣ пеш мебарад.

Раводиди моддаи 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ пешбинӣ менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд судшаванда А.Р.  бо моддаи  170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин карда шуд.