Пешниҳод накардани эъломия боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид

Пешниҳод накардани эъломия боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид

Ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ҳ. бо воситаи нақлиёти тамғаи «ХАФЕЙ» рақами қайди давлатиаш 3820 НР 02 таҳти идораи Г.М. дар ҳудуди гумруки ш.Панҷакент бо 180 (яксаду ҳаштод) адад обҳои газноки ташнашикани 2 литраи истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекситон бе пешниҳоди эъломия (декларатсия) ба мақомоти гумрук ворид намудааст, ки дар натиҷа аз тарафи корманди гумруки Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ бо қисми 1 моддаи 578 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ҳ.-ро бо қисми 1 моддаи 578 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои Барои пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт, ки бояд дар шакли муқарраршуда (хаттӣ, даҳонӣ ё электронӣ) мавриди эъломиякунонӣ қарор гирад банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ҳ. дар доираи раводиди қисми 1 моддаи 578 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима бо мусодираи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.