Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи давлатдории миллӣ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи давлатдории миллӣ

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисе гардид, ки барои бартараф намудани кулли мушкилоти давлат, ҷомеа ва халқи тоҷик заминаи устувор гузошт, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон умед бахшид, аз парокандагӣ миллати тоҷикро наҷот дод, хатари азбайнравии давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ҳифз намуд, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик шуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷлиси вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 ноябри соли 1992 то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид.

Зарурати асосии даъвати Иҷлосияи XVI ва масъалаҳои муҳимми он барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор мерафт. Ин масъулияти бузургро дар назди таърих, вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, самти кори худро барои барқарор кардани волоияти қонун равона сохтанд. Дар Иҷлосия Раиси Шурои Олӣ — Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раёсати Шурои Олӣ ва Шурои Вазирон интихоб гардиданд ва бо ҳамин давлати конститутионӣ аз нав барқарор шуд.

Муҳимтар аз ҳама дар Иҷлосия шахсияти бузурги миллӣ рӯйи кор омад, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид. Ин шахсияти бузург Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зеҳну тафаккур ва дили мардум ҳисси ифтихори миллиро бедор намуда, онҳоро ба сулҳу салоҳ ва меҳнати созанда равона намуд. Бо шарофати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ноил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкитҳои бонуфузи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва молиявӣ пазируфта шуд.

 Пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, Иҷлосияи XVI –ум қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Ба бахти миллати тоҷик, маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар мушкилтарин давраи таърихӣ, бо иродаи сиёсӣ ва ғурури баланди миллӣ тавонистанд давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз вартаи нобудӣ ва кишварро аз ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ раҳо бахшида, халқро зери як сиёсати созанда сарҷамъ оварда, Ваҳдати миллиро пойдор созанд.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2022 нақши ин Иҷлосияро дар устувор намудани сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ чунин зикр намуданд: “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯйи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд. Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд, орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд.

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ, дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин, таҳкими низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ карданд. Бо ибтикори Раиси Шурои Олии интихобгардида – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 20 ноябри соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шурои Олӣ» ба тасвиб расид, ки мазмуну муҳтавои онҳоро даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва созмонҳои сиёсӣ ба сулҳу салоҳ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҳамчунин бозгашти фирориёни иҷборӣ ба вантан ташкил медод.

Дар Иҷлосия бо мақсади қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тинҷиву оромӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд қонунҳо қабул карда шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар Иҷлосия ҳамчунон, якчанд қарорҳое қабул шудаанд, ки онҳо дар барқарор кардани ҳокимияти консттутсионӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ нақши калидӣ доранд.

Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид.

Бо дарки амиқи масъулият, эҳсоси дар вартаи ҳалокат қарор доштани давлату миллат ва ҳисси баланди ватандорию худшиносии миллӣ бо ташаббуси як зумра вакилони ҷасоратпеша, дар замоне, ки пойтахти давлат макони ноамну таҳти назорати камонкашони хунхори неруҳои мухолиф қарор дошт, ҷаласаи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд, ки бо қабул кардани қарорҳои тақдирсозаш «Иҷлосияи таърихӣ» ном гирифт. Ин Иҷлосия аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт. Маҳз, бо интихоб шудани абармарди нотакрор, далеру шуҷоъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Бо шарофати ин рӯйдоди таърихӣ аркони давлатдорӣ ва пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мустаҳкам гардид.

Ҳамин тариқ, имсол мо дар остонаи таҷлили 32-юмин солгарди ин рӯйдоди сарнавиштсози миллат қарор дорем.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноумедиву парешонии ҷомеаро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафъ намуда, хатари ҳалокатборро ба гулбоғи орзуву умедҳо табдил дод.

Судяи суди шаҳри Панҷакент                        Муҳиддинзода Б.Ҳ.