Рад намудани даъво

Рад намудани даъво

Дар суди шаҳри Панҷакент оилавӣ бо даъвои С.Т.  бо ҷавобгарии К.Д. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

даъвогар С.Т. дар шахсияти намояндаи ваколатдораш бо даъвои зикршуда ба суд муроҷиат намуда  хоҳиш намудааст, ки акди никохи байни ў ва ҷавобгар К.Д.,  ки дар санаи 21-январи соли 2006 дар ҷамоати деҳоти Сўҷинаи шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудааст,  бекор карда шавад.

Даъвогар дар мурофиаи судӣ ягон ваҷҳи тасдиқкунанда барои асоснокунии талабот ва  қонеъ намудани даъвои худ пешниҳод накард ва тарафҳо ҷавон буда, муддати дурудароз дар қайди ақди никоҳи қонунӣ мебошанд. Нишонаҳои пурра парокандашавии оила дар ҳаракатҳои тарафҳо ҷой надорад ва тарафҳо соҳиби се фарзанди ноболиғ мебошанд. Ҳолате, ки боиси ҷудошавии тарафҳо гардидааст, дар ҳаракати онҳо ҷой надорад. Ҳамчунин суд ҳолатеро, ки зиндагонии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир буда, оилаи онҳо қатъиян пароканда гардидааст, дар мурофиаи судӣ муайян накард. Ғайр аз ин ҳам даъвогар дар мурофиаи судӣ иштирок накард ва фикри шахсии вай ба суд маълум нест. Суд қайд менамояд, ки муносибатҳои оилавӣ хусусиятҳои хоси худро дошта, иштироки худи тарафҳо дар суд мувофиқи максад аст.

Бинобар ин, бо асосҳои дар боло зикршуда,  суд ба хулоса  омад, ки асоси воқеъӣ барои бекор кардани ақди никоҳи байни тарафҳо вуҷуд надорад, бо назардошти нигоҳ доштани оилаи тарафҳо, ки сиёсати давлат ба он равона карда шудааст, рад намудани даъворо лозим донист.