Расонидани зарари вазнин ба саломати бо воситаи табарча

Расонидани зарари вазнин ба саломати бо воситаи табарча

Судшавандагон Н.Қ. санаи 23 феврали соли 2020 дар манзили истиқоматиаш қарор дошта, тахминан соати 15-30 дақиқа аз рӯи муносибатҳои оштинопазирии қаблан байни ҳамсараш О.Э., ки аз соли 2016 бо ҳам зиндагони менамуданд муноқиша ба вуқӯъ омадааст. Сипас ӯ аз паҳлӯи рости тафдони (печкаи ҳезумӣ) дохили ҳуҷраи манзили зисташ як адад табарчаи ҳаҷмаш хурдро гирифта, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии оилааш О.Э., бо воситаи табарчаи дар дасташ буда, якчанд маротиба ба қисмати тарафи чапи сар ва китфи чапи оилааш О.Э қасдан зада, ҷароҳатҳои ҷисмони мерасонад, О.Э., бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дастрас карда шуда,  бистари мешавад.

      Ҳамин тариқ Н.Қ., бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 110 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, яъне касдан ба саломати расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, муқаррар менамояд, содир намудааст.

Инчунин ӯ, кирдорҳои ҷинояткоронаашро давом дода истода, пас аз ҳамсарашро ба табарча қасдан зада ҷароҳати ҷисмони расониданаш аз дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиаш бо ҳамроҳии худ як адад корди хоҷагидориро гирифта, аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба кӯчаи деҳаи мазкур мебарояд. Баъди ба кӯча баромаданаш номбурда ба назди манзили истиқоматии ҳамдеҳааш, Р.А. меравад. Н.Қ. ба ҳавлии ҳамсояаш Р.А. ворид гардида, бе ягон асоси кофи бо ӯ дар рӯи ҳавли манзили истиқоматиаш ҷанҷол менамояд. Ҳангоми ҷанҷол аз рӯи ҳиссиёти баланди авбошонааш бо овози баланд дашномҳои қабеҳ дода, корди бо худ гирифтаашро ба сифати предмети яроқ истифода буда, бо воситаи он як маротиба аз ҳиссиёти авбошӣ ба дасти рости РА. зада, ҷароҳати ҷисмони расонидааст. Аз ин кирдорҳои авбошонаи ӯ, Р.А., ба тарсу ҳарос омада бо овози баланд барои ёри расонидан додгӯӣ менамояд. Аз овози баланд дашномдиҳии Н.Қ. ҳамсоягонашон ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, пеши роҳи ҳаракатҳои авбошонаи Н.Қ.-ро пешгири менамоянд. Н.Қ. амалҳои авбошонаи худро муддати зиёда аз 5-10 дақиқа давом дода, оромии атрофиён ва бошандагони деҳаи мазкурро халалдор намудааст. Р.А., бо гирифтани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент муроҷиат намудааст.

  Ҳамин тариқ, Н.Қ бо ин ҳаракатҳои барқасдонаи худ ҷинояти пешбининамудаи моддаи 237 қисми 3, банди “а” -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир гардида, бо  истифодаи зӯровари ба шаҳрванд ва бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда содир гардидааст, муқаррар менамояд.

Дар маҷмӯъ, Н.Қ. бо ин кирдорҳояш ҷиноятҳои пешбиникардаи моддаҳои 110 қисми 1 ва 237 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намуд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Н.Қ. бо моддаҳои 110 қисми 1 ва 237 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда шуд.