Риоя накардани низоми Сарҳади давлатӣ

 

Риоя накардани низоми Сарҳади давлатӣ

 

Дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати А.Ҷ. бо моддаи 498 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки А.Ҷ санаи 10 марти соли 2020 бо мақсади нигоҳубини чорво ба минтақаи муҳофизатшавандаи МНДН 2-уми “Рӯзиобнок” рафта дар масофаи тақрибан 400 метр  дуртар аз хати Сарҳади давлатӣ ба нигоҳубини чорво машғул шудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби наряди сарҳади ГРҶ дастгир карда шудааст.

Дар ин хусус аз ҷониби сардори ШШ дар шаҳри Панҷакент будаи РКДАМ ҶТ барои вайрон кардани талаботи моддаи 498 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Ҷ. бо моддаи 498 қисми 1  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.