Риоя накардани Қоидаи ҳаракат дар роҳ

Риоя накардани Қоидаи ҳаракат дар роҳ

Санаи 29.05.2019 сол соати 10:02 дақиқа Б.Т. бо воситаи автомашинаи тамғаи «Опел–Астра» рақами қайди давлатиаш 7472 ВО 02 дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент банди 3.11 Қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, яъне барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштан саркашӣ карда ҳаракаташро давом додааст, ки аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Т.-ро бо моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштан воситаи нақлиёт банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.К. дар доираи раводиди моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.