Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

А.А. санаи 13.07.2023 сол тахминан соати 09:11 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «ГАЗ–322132» рақами қайди давлатиаш 6220 ТТ 02 дар роҳи мошингарди ш.Панҷакент ба фаъолияти боркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолиятро риоя накардааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.А.-ро бо моддаи 511 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.А. дар доираи раводиди моддаи 511 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.