Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Х.А. санаи 25.05.2019 сол тахминан соати 11:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Опел – Зафира» рақами қайди давлатиаш 0032 РВ 01 дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолиятро риоя накардааст. Бо таъиноти сардори РХДНТСН-и минтақаи Зарафшон аз 27.09.2019 нисбаташ бо моддаи 511 қисми 2 КХМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Х.А.-ро бо моддаи 511 қ.2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, пешбинӣ менамояд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Х.А. дар доираи раводиди моддаи 511 қ.2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.