Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Санаи 12 декабри соли 2021 ҳангоми гузаронидани санҷиш бо ҷалби комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти Давлатии шаҳри Панҷакент, муайян гаштааст, ки шаҳрванд С.Ҷ. талаботи қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст, яъне дар вақти корӣ ва соати ғайримуқаррарӣ, яъне аз соати 08-30 маросими чили марҳум падарашро дар манзилиистиқоматиаш бо иштироки 60 нафар меҳмонон бо омода намудани як намуд таом ва оростани зиёфат бо харҷи зиёд гузаронидааст.

 Мувофиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.

Ҳуқуқвайронкунанда М.Ҳ. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда С.Ҷ.-ро бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбини менамояд банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.Ҷ. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.