Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Санаи 17 феврали соли 2022 ҳангоми гузаронидани санҷиш бо ҷалби комиссияи доимӣ аз ҷониби кормандони Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент муайян гаштааст, ки шаҳрванд Х.Н. талаботи қисми 2 моддаи 10 ва қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст, яъне дар рӯзи корӣ ва соати ғайримуқаррарӣ аз соати 11:30 дақиқа то сотаи 13:30 дақиқа маъракаи чойгаштаки тӯйи домодию арӯсиро бо омода намудани ду намуд таом ва бо иштироки зиёда аз 40 нафар меҳмонон гузаронидааст.

 Ҳуқуқвайронкунанда Х.Н. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Х.Н.-ро бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбини менамояд банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Х.Н. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.