Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Ҳуқуқвайронкунанда А.М. санаи 25.08.2019 сол баъд аз баргаштан аз сафари Ҳаҷ ба ҷои зисти худ санаи 26.09.2019 сол аз соати 07-00 то соати 07-50 дар тӯйхонаи деҳа маъракаи ҳоҷиошӣ гузаронидааст. Дар маърака як дег ош ба миқдори 20 кг биринҷ таом омода намудааст ва дар маърака зиёда аз 145 нафар меҳмонон иштирок намудаанд, ки ҳолати мазкур бархилофи талаботи моддаҳои 12 банди 2, 14 банди 3 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нисбати ӯ бо моддаи 481 қ.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.М.-ро бо моддаи 481 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.М. дар доираи раводиди моддаи 481 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.