Содир намудани ҷиноят дар ҳолати ретсидив
Содир намудани ҷиноят дар ҳолати ретсидив
Ҳ.М. ва Р.В. баъди озод шуданашон дар ҳолати ретсидив ба худ хулосаи зарури набароварда миёнаҳои моҳи июни соли 2023 тахминан соати 10:30 дақиқа бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ ва бо ин роҳ ба даст овардани фоидаи муфт ба мавзеи «Тобасанг»-и ҳудуди Ш., шаҳри Панҷакент рафта, аз набудани соҳибмулкон ва атрофиён истифода бурда аз ин мавзеъ аз ҳисоби шумораи зиёди чорвоҳои калони шохдори чаридаистода, як cap чорвои калони шохдори ҷинсаш нарина, синнаш 3 соларо, ки арзишаш 6000 сомониро ташкил дода ба М. тааллуқ дошт, як cap чорвои калони шохдори ҷинси модина синнаш 3 сола, ки арзишаш 5000 сомониро ташкил дода ба У. тааллуқ дорад, як cap чорвои калони шохдори ҷинси нарина, синнаш 5 сола, ки арзишаш 8000 сомониро ташкил дода ба С. тааллуқ дошт, 2 cap чорвои калони шохдори ҷинси нарина, синнашон 5 сола, ки арзиши ҳар кадоме дар алоҳидагӣ 7000 сомонӣ ҷамъ ба миқдори 14000 сомониро ташкил дода ба К. тааллуқ доштанд ва як cap чорвои калони шохдори ҷинси нарина синнаш 5 сола, ки арзишаш 7000 сомониро ташкил дода ба А. тааллуқ дошт, дар як вақт ба тариқи ниҳонӣ тасарруф намуда ба соҳибмулкони номбурда зарари моддии ҷиддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум ғайб задаанд.
Ҳ.М. ва Р.В. 6 cap чорвои калони шохдорро ба ноҳияи Б. бурда ба харидор О. азони худ вонамуд сохта, тариқи яклухт савдо ба маблағи умумии 26900 сомонӣ фурӯхтаанд. Маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро бошад ба манфиати шахсии худашон сарф кардаанд.
Ба Ҳ.М. ва Р.В ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 