ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ ДАР ДАВРАИ  ИСТИҚЛОЛИЯТ

Вобаста ба Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ СОҲАҲОИ

ХОҶАГИИ ХАЛҚ ДАР ДАВРАИ  ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ба даст овардани истиқлолият, ки туҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд, дар шоҳроҳи иқдоми миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро, кашф намуд. Пас аз ҳазор соли парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбонӣ доданҳо, милати куҳанбунёди тоҷик боз соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Зиёданд миллатҳое дар дунё, ки шумораашон ба чанди миллионҳо мерасад ва солҳои тўлонӣ барои ба даст овардани мустақилият мубориза мебаранд вале таърих нисбати онҳо меҳрубонӣ зоҳир накард.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли даврони истиқлолият бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои  таҳкими рушди устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат, қадамҳои чиддӣ ва устувор гузошта, марҳилаи муайянро тай намудааст.

Дар санаи 26 декабри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа намуд, ки дар он корҳои то ҳол анҷомёфта ва вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои солҳои оянда муайян намуд.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки ҳар сол аз паём то паёми навбатӣ дар Ватани мо чӣ қадар корҳои ободкориву созандагӣ анҷом дода мешаванд ва сатҳи некўаҳволии мардум боло меравад.

Соли 2019-ум бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Сатҳи камбизоатӣ то 27,5 фоиз паст гардида, нишондиҳанадҳои демографӣ низ тамоюли болоравӣ пайдо карда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75 сол расид.

Ҳамчунин бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1-сентябри соли ҷорӣ марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад.

Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок эътироф карда шуда, сиёсати давлатӣ дар самти таъмини озоқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергатикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, давом дода мешаванд.

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд

Ҳамчунин дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ зикр карда шуд, ки амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Меъёрҳои умумиэътирофшудаи давлатхои демократӣ бори дигар исбот намуданд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва  пайвастагии ногусастананд.

Арзиши аз ҳама воло эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисахо, конунияту адолат, зарурияти таҳким ва густариш додани ҳокимияти судиро амри таъхирнопазир гардонд.

Махз дар партави ҳамин омили муҳим бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-июни соли 2007 таҳти №271 «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуд.

Барномаи мазкур дар такмили қонунҳои амалкунанда,қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ,таъсис додани вазифаи коромўз-судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррасро иҷро намуд.

Бо мақсади идома додани барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-январи соли 2011 таҳти №976 дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2011-2013 ба тасвиб расид.

Барномаи мазкур тамоми масоили ҳалталаби фаъолияти мақомоти ҳокимияти судиро дар бар гирифта, мушаххас гардонидани вазифа ва шаффоф гардонидани фаъолияташонро тақозо намуда, идомабахши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, нақш ва таҳлили ин барномаҳо дар таҳкими ҳокимияти судӣ, омўзиш ва андешаронии амиқ ва алоҳидаро талаб мекунад.

Бо мақсади идома додани барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-апрели соли 2019  таҳти №1242 дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2019-2021 ба тасвиб расид.

Дар ин барнома рушди қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ислоҳоти низоми судӣ нисбати ноболиѓон, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, таъсиси сохтори мустақили экспертӣ, рушди ёрии ҳуқуқии ройгон, ва беҳтар намудани таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар назар дошта шудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-апрели соли 2011 қайд шуда буд, ки «фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амали намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемаъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амри норавост».

Мақомоти судии кишвар ин рисолати басо муҳимро, ки  ба души онҳо вогузор карда шудааст, ба таври амиқ дарк карда, мунтазам барои амалӣ шудани он заҳмат мекашанд.

Суди шаҳри Панҷакент низ, чун қисми таркибии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро дарк намуда, барои иҷро намудани ин вазифаҳои муҳим кушиш ба харҷ дода нақшаи чорабиниҳои муайянро тартиб додаст. Мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва ақидаву равияҳои номатлуб, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохуриҳоро барпо намуда, нашри мақолаҳо ва баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда шудаанд.

Ҳадафҳои ободкоронаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такя ба хиради азалӣ ва меҳнати софдилонаи  мардуми тоҷик, марҳила ба марҳила амалӣ шуда, барои бунёди давлати иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда, моро ба ояндаи босаодат ва дурахшон наздик мекунад.

   Раиси  Суди

шаҳри Панҷакент                                                                                                                           Мирзоҳомидзода Диловар.