Таъини ҷамимаи маъмури нисбати омӯзгор бинобар иҷро накардани уҳдадориҳояш

Таъини ҷамимаи маъмури нисбати омӯзгор бинобар иҷро накардани уҳдадориҳояш

Омӯзгори фанни география МТМУ №17 деҳаи Шурчаи ш.Панҷакент М.М. бархилофи талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадориҳояшро, ки аз қонунҳои мазкур бармеоянд, иҷро накардааст.

Аз тарафи прокуратураи ш.Панҷакент муайян карда шудааст, ки М.М. санаи 14.04.2022 сол ба хонандагони синфи 10 МТМУ №17 деҳаи Шурчаи ш.Панҷакент бе конспект аз фанни география дарс гузаштааст.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби прокурори ш.Панҷакент нисбати М.М. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда М.М.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.М. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.