Такроран тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр

Такроран тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр

 

Таҳти раисии судя Муҳаммадзода Р. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Р.М. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда Р.М. баъди озод шуданаш дар ҳолати ретсидив ба худ хулосаи зарури набароварда такроран санаи 10.03.2018 сол, тахминан соати 09-00 дақиқа, бо мақсади дуздй. яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр ба назди хонаи истиқоматии шаҳрванд Э.А., 22.03.1977 соли таваллудаш. сокини ш.Панҷакент, кӯчаи М.Шерализода хонаи №53 ҷойгир мебошад, омадааст.Сипас, ӯ аз шароити мусоид, яъне набудани касе дар гарду атоф ва бо корҳои хоҷагӣ машгул будани соҳибхона истифода бурда, ғайриқонунӣ бо воситаи дарвозахонаи мазкур вориди саҳни ҳавли гардида, аз назди зинапояи меҳмонхона як адад дучархаи тамғаи «Proco-rex»-po, ки арзишаш 1300 сомониро ташкил медиҳад, пинҳонӣ тасарруф намуда, бо ин кирдори ҷинояткоронааш ба ҷабрдида Э.А., 1300 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.