Тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр

Тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр

 

Таҳти раисии судя Муҳаммадзода Р. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда У.С. баъди озод шуданаш дар ҳолати ретсидив ба худ хулосаи зарури набароварда такроран шаби 24 ба 25 марта соли 2020, тахминан соати 23-30 дақиқа бо мақсади тасарруфи ниҳонии молу мулки гайр, гайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Р.Р., воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент, кӯчаи Деваштич, хонаи №100 ворид гардида аз фурсати мусоид, яъне торикии шаб истифода намуда аз таги пешаӣвони худуди манзили истиқоматӣ номбурда, бо роҳи пинҳонӣ 500 қутти сигори тамғаи «ESSE CHANGE»,  ки арзиши як қуттии он 13-сомонӣ, дар умум 6500 сомонӣ ва 500 қутти сигори тамғаи «ROSSA», арзиши як қуттиаш 7 сомонӣ дар умум 3500 сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғаӣб зада, бо ин ҳаракатҳои барқасдонааш ба ҷабрдида Р.Р. ба маблағи умуми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зарари ҷиддӣ моддӣ расонидааст.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.