«Ваҳдати миллӣ волотарин дастоварди миллӣ аст»

Ба истиқболи ҷашни «Ваҳдати миллӣ»

 

 

 

 

 

«Ваҳдати миллӣ волотарин дастоварди миллӣ аст»

 

          Таърихи имрўзаи тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нанигарем ва ба аз ҳар масъалае, ки ба татбиқи он шурўъ намоем, ба касби истиқлолияти мамлакат пайванд мегардад.

          Тӯли 24 сол аст, ки ба сари халқи тоҷик воқеаи тақдирсозӣ имзои Созишномаи истиғрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ сипари гашта истодааст.

          Истиғрори ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағироти куллӣ, ки ба думболи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омад, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардида буд, ба миён овард.

          Ҳамаи тадбирҳое, ки ба ҳидояти Президенти мамлаккат дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷадиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ки ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо эъмори ҷаҳонии худ ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид гардад. Низоми нави давлатдорие, ки Президенти кишвар дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ таҳрезӣ намуд, барои озодии инсон ва ҷомеа, муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд.

          Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ў ба бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷомеаи Тоҷикистонро бо дарёфти истиқлолияти миллӣ оварда расонид.

          Президенти мамлакат ҳамаи инро таҳлил намуда, чунин баён кардааст: «Имрўз мо бояд сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем. Ба қадри манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем. Худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги ватану ватандорӣ, фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ифтихор намоем».

          Пеш аз ҳама халқи тоҷик сабақи бузурги аз мактаби калони зиндагӣ, ҷиҳати арҷгузорӣ ба Сулҳу Ваҳдат шинохти қиммати гаронбаҳои якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, садоқат ба ватани азизамон барои имрўзу оянда ба ёдгорӣ гирифт.

          Ваҳдати миллӣ натиҷаи воқеии инкишофи мусбати равандҳои оштии миллӣ мебошад. Мусаллам аст, ки сарчашмаҳои ҳуқуқии ба вуҷудоӣ ва такмили Ваҳдати миллӣ дар сарзамини тоҷикон ҳанўз аз Иҷлосияи XVI Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Санадҳои ҳуқуқии дар ин ҷаласаи таърихӣ қабулшуда, дар бақои давлатдорӣ ва инкишофи институтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, омили муҳим ва муайянкунанда ба ҳисоб меравад.

          Санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар ҷаласаҳои Шўрои олӣ қабулшударо, ки дар Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон замина гузоштаанд таҳлил намуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст. Марҳалаи нахусти ин раванд қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқие мебошад, ки барои барқарор ва мустаҳкам намудани сохторҳои олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

          Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти судӣ дар роҳи ба даст овардани муросои миллӣ омили ҳалкунанда гардид.

          Дар бораи аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буд: «Дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азими миллати бостонии мо рўйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рўзи пурфайзи таърихи армони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиғрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

          Ба шарофати ҳамин сулҳу субот мо тавонистем қувваҳои мухталифи хешро ба ҳам оварем, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким бахшем ва бо нияти нек, имони комил ва иродаи қавӣ ба бунёди давлатдорӣ, давлатсозии навини худ оғоз намоем».

          Раванди эҷоди сулҳ ва оштии мо хеле боарзиш аст ва барои бисёр кишварҳои ҷаҳон мактаби омўзиш мебошад.

          Дар айёми иди Ваҳдати миллӣ овардани сухани Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маврид аст: «Эътимоди комил дорем, ки аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мову Шумо пояҳои давлату давлатдории мустақилонаро мустаҳкам карда, обрўву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда мерасонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо менамоем».

          Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.

          Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳангӣ давлатдориву давлатсозӣ мебошанд, ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд.

       Ёрдамчии раиси

Суди шаҳри Панҷакент                                      Муҳайиниён И.Ҳ.