Вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад

Вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки

дар ҳолати мастӣ қарор дорад

Мувофиқи банди 12.”Б” Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ронанда идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва монанди инҳо), таҳти таъсири доруҳое, ки таассур ва диққатро суст мекунад, дар ҳолати беморӣ ё хастагӣ, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид намояд манъ карда шудааст.

Дар сурати вайрон намудани талаботи мазкур тибқи модда 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситахои нақлиёт  дар ҳолати мастӣ  муқаррар мекунад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳастан нафароне, ки дидаву дониста дар ҳолати сархушӣ ба сари чамбараки автомашина нишаста онро идора мекунанд.

Санаи 4 октябри соли 2020 соати 00-10 дақиқа ҳуқуқвайронкунанда Ф.С. автомашинаи тамғаи «Опел – Астра» аломати қайди давлатиаш 1255 DD 01 ба рафиқаш П.Ф. додааст, ки ӯ дар ҳолати масти қарор дошта, автомашинаи мазкурро дар ҳудуди шаҳри Панҷакент идора намудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ф.С.-ро бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои барои идора намудани воситахои нақлиёт дар ҳолати мастӣ муқаррар мекунанд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ф.С. дар доираи раводиди моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт таъин карда шуд.