Вогузоштани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандаги надорад

Вогузоштани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандаги надорад

Ҳуқуқвайронкунанда Б.Б. санаи 27.09.2019 сол автомашинааш тамғаи «Ваз 2110» аломати қайди давлатиаш 37-15 НМ/02-ро ба ҷиянаш Н.Ф. барои рондан додааст, ки ӯ шаҳодатномаи ронандаги надоштааст. Сипас ҷиянаш Н.Ф. бо автомашинаи ӯ ба садама дучор гардидаст. Дар натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатҳои  Н.Ф. аз ҷониби кормандони ШБДА ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент муайян гардидааст, ки номбурда соҳиби шаҳодатномаи ронандаги намебошад бинобар ин нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Б.-ро бо моддаи 336 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандаги надорад вогузоштани воситаи нақлиётро пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.Б. дар доираи раводиди моддаи 336 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.