Аз ҷониби ронандагон таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Аз ҷониби ронандагон таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Ҳуқуқвайронкунанда А.З. санаи 28.10.2025 сол соати 12:10 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота–Королла» дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии ш.Панҷакент банди 3.11 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, аз канори роҳ ба роҳи асоси ҳаракат карда баромаданаш ронандаи дучархаи барқӣ А., ки дар роҳи худ ҳаракат мекард омада ба автомашинаи мазкур бархурдааст, ки дар натиҷаи садама ронандаи дучархаи барқӣ А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба Беморхонаи марказии ш.Панҷакент муроҷиат намудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.З.-ро бо моддаи 333 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.З. дар доираи раводиди моддаи 333 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор ба фоидаи давлат таъин намуд.