Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Мувофиқи сархати 7-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон ӯҳдадоранд донишандўзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омўзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Санаи 12.04.2024 сол фарзанди Т.Ш. ҳангоми таҳсил намудан, аз бепарвоии падару модар ва омӯзгор истифода намуда, ба дарсҳо ба муассисаи таълимӣ саривақт ҳозир нагардида, дар давоми соли хониши соли 2023-2024 зиёда аз 135 соат ғоибҳои беасос доштааст.
Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Т.Ш.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.
Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Т.Ш. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 
