Ҷавобгари барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда

Ҷавобгари барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда

 

Судшаванда М.И. бархилофи талаботи моддаҳои 2, 18, 22 ва 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, то ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурӯъ намудан манъ аст ва қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳангоми зарурат барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, амал намуда, ба қарор омадааст, ки қитъаи замини таъиноташ чарогоҳро худсарона ишғол намуда, дар ин замин худсарона сохтмонро анҷом диҳад.

Барои ин, ӯ моҳи майи соли 2022 қитъаи замини кишоварзии хоҷагии деҳқонии ба номи “Дашти Эшон”-ро воқеъ, дар тарҳи № 929 харитаи заминистифодабарии собиқ Ширкати кишоварзии ба номи “Ленин”, худсарона ба масоҳати 40 метри мурббаъ ишғол намудааст, ки манзили истиқоматӣ бунёд намояд.

Сипас, бидуни ягон ҳуҷҷат ва иҷозати шахсони ваколатдор моҳи майи соли 2022 ба сохтмон шурӯъ намуда, бо истифодаи масолеҳи сохтмонӣ санг, хок ва хишт, худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолкардааш дар масоҳати 12 метри мураббаъ бошишгоҳи саҳроӣ иборат аз як ҳуҷра бунёд намуда, баланди онро то 2,50 метр бардоштааст.

Суд  кирдори судшаванро бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои  сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз  татбиқи ҷазои маъмури пешбинӣ мекунад банду баст менамояд.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.