Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дузанагӣ

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дузанагӣ

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Ҳ.З. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда Ҳ.З, санаи 9 ноябри соли 2014 бо сокини шаҳри Панҷакент, К.Д, тариқи нокоҳи мусулмонӣ оиладор гардида, 20 сентябри соли 2016 дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, таҳти № 209 ҳамчун зану шавҳари расмӣ бақайд гирифта шуда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби чор нафар фарзанд гардида, то ҳол якҷоя бо пешбурди хоҷагии умумӣ зиндагони намуда истода будаанд.

Ҳамзамон ў дидаву дониста, ки тибқи талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ шудааст, амал намуда, новобаста аз ин Ҳ.З, боз соли 2023 дидаву дониста, ки ақди никоҳи ў бо ҳамсари якумаш К.Д., бекор карда нашуда, хоҷагии умумии якҷоя пеш мебарад, бо Э.Б. шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки айни замон номбурда муваққатан истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, аз соли 2021, бо ў шиносоӣ пайдо намуда, дар натиҷаи пайдо шудани меҳру муҳаббат байнашон бо хоҳиши якдигар соли 2023, ки рўзу моҳашро аниқ дар ёд надоштааст, тариқи дини мусулмонӣ никоҳ кардааст, ки никоҳи онҳо дар Ҷумҳурии Ўзбекистон, шаҳри Самарқанд, бо иштироки Ҳ.З, Э.Б. ва худи мулло бо номи “Сунат” шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардидааст. Аз соли 2023 то инҷониб Ҳ.З дар як вақт бо ду зан К.Д ва Э.Б хоҷагии умумиро шурўъ намудааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Ҳ.З.  бо моддаи  170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин карда шуд.