Сохтакорона ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ ва ё истифодаи онҳо

Сохтакорона ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ ва ё истифодаи онҳо

 

Таҳти раисии судя Мирзозода М. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои ҚМ 38-и ҳарбикунонидашудаи ХДО шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда М.А. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 340 иловаи 1 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Судшаванда М.А. дар мағозаи худ бо номи “Наврўз”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент ба фурўши машруботҳои спиртӣ машғул гардида, ғайриқонунӣ бархилофи талаботи банди 10-и “Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2022 сол, №611 тасдиқ гардидааст, ки тибқи он тамғаҳои аксизӣ хусусияти истифодабарии яккарата дошта, дубора истифода бурдани онҳо манъ аст, амал намуда, тамғаҳои аксизии машруботи спиртиро якчанд маротиба ба сарпўши дигар зарфҳои машруботҳои спиртӣ часпонида истифода бурда, ба фурўш гузоштааст.

Аз ҷумла, ў тахминан моҳи феврали соли 2024, як маротиба дар ҳудуди канори роҳи автомобилгарди хиёбони Рўдакӣ, воқеъ наздикии бозори марказии шаҳри Панҷакент аз шахси ба тафтишоти пешакӣ номуайян якчанд адад машруботҳои спиртии намудҳои гуногуни як қисмаш бе тамғаҳои аксизӣ ва қисми дигараш бо тамғаҳои аксизиро ба даст оварда, дар мағозаи худ бо номи “Наврўз” барои фурўш ворид кардааст. Сипас, номбурда машруботҳои спиртии бо тамғаҳои аксизиро ба фурўш бароварда, ҳангоми фурўш ба мизоҷонҳо аз сарпўшҳои зарфҳои машруботҳои спиртӣ тамғаҳои аксизиро канда ҷамъоварӣ кардааст. Минбаъд, ў ин тамғаҳои аксизии ҷамъоварӣ кардаашро ба сарпўши машруботҳои спиртии бе тамғаҳои аксизии ба даст овардааш такроран часпонида, барои фурўш ба пештахтаи нуқтаи савдои худ гузоштааст.

Санаи 07.03.2024 сол ҳангоми гузаронидани амалиёти “хариди озмоишӣ” судшаванда М.А. 10 адад машруботҳои спиртии бо номгўи «Тоҷикистон ГОСТ 12712-13, 0,5 л»-ро бо тамғаҳои аксизӣ ба харидори шартӣ Ю. ба маблағи 200 сомонӣ фурўхта, баъди фурўхтан бо мақсади такроран истифода бурдан, аз сарпўши зарфҳои машруботҳои спиртии мазкур тамғаҳои аксизиро канда гирифта, дар зери пештахтаи нуқтаи савдои худ пинҳон кардааст.

Санаи 07.03.2024 сол 10 адад машруботҳои спиртӣ бо номгўи “Тоҷикистон ГОСТ 12712-13, 0,5 л”-и бе тамғаҳои аксизии харидоринамудаи харидори шартӣ Ю., инчунин ҳангоми санҷиш аз мағозаи “Наврўз”, ки ба судшаванда М.А. тааллуқ дорад, 83 адад машруботҳои спиртии гуногунтамға бе тамғаҳои аксизӣ, ки аз сарпўшҳои машруботҳои спиртӣ канда ҷамъ карда шуда будааст, дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ бо тартиб додани санад гирифта шудааст.

Суд ҳаракатҳои судшаванда М.А.-ро бо моддаи 340 иловаи 1 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтакорона ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ ва ё истифодаи онҳо, муқаррар мекунад, банду баст менамояд.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.