Тасарруфи ниҳонии телефони мобилӣ

Тасарруфи ниҳонии телефони мобилӣ

 

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Б.Б. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 244 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда Б.Б. санаи 18-уми марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқа дар роҳи нақлиётгарди ҳудуди Ҷамоати деҳоти Косатарош, шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ба автомашинаи мусофиркашии хатсайри самти Чорбоғ-Панҷакент нишаста, ба самти шаҳри Панҷакент равон шудааст. Ҳангоми дар ҷойҳои муайян аз автомашина фаромадани мусофирон, ӯ як адад телефони мобилии ҷабрдида тамғаи “SAMSUNG А-51”-ро, ки арзишаш 900 (нуҳсад) сомонӣ буда, дар рӯи курсии дохили автомашина қарор доштааст, мушоҳида кардааст. Сипас, ӯ аз набудани соҳибмулк ва беназорат будани телефони мобилии мазкур, истифода бурда, тариқи ниҳонӣ онро тасарруф намуда, ба соҳибмулк зарари моддии ҷиддӣ расонида, дар ҳудуди шаҳри Панчакент аз ин автомашина фаромада, ба самти номаълум ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ судшаванда Б.Б дастгир карда шуда, аз номбурда як адад телефони мобилии тамғаи “SAMSUNG А-51” дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Суд кирдори содирнамудаи Б.Б.-ро бо моддаи 244 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои дуздӣ, яъне тасарруи ниҳонии молу мулки ғайр, ки ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонида шудааст, банду баст менамояд

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.