Ҷавобгарии маъмурӣ барои аз ҷониби кормандони ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд

Ҷавобгарии маъмурӣ

барои аз ҷониби кормандони ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд

Ҳуқуқвайронкунанда М.Р. ҳамчун шахси масъул ва хазинадор оид ба воридоти маблағҳои музднок дар МТТ ш.Панҷакент фаъолият намуда, бархилофи талаботи Фармони Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 аз 22.06.2023 сол “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии ғайринақдӣ” ва дигар қонунгузории ҷорӣ амал намуда, санаи 13.06.2024 сол аз волидони тарбиятгирандагон ҷамъ ба маблағи 1090 сомонӣ, ки таъиноти он барои ба таври ғайринақлӣ пардохт намудани маблағи хизматрасонии тиббӣ пешбини шудааст, тариқи нақдӣ гирифта онро тавассути корти пластикиаш ба суратҳисоби махсуси муассиса пардохт намудааст. Бинобар ин нисбати ӯ бо моддаи 541 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда М.Р.-ро бо моддаи 541 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби кормандони ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои хизматрасонии тиббӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигар электронии шахсии пардохт бо ин мақсад пешбини менамояд, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.Р. дар доираи раводиди моддаи 541 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.