Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2023 аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварро масъалагузорӣ карда, таъкид доштанд, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад» Дар робита ба ин соли 2024-ро ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Аз соли 1929 то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. (1929, 1931, 1937, 1978 )
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди абаркудрати Шӯравӣ ва ба ҷанги таҳмилии дохилӣ кашонида шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурияти таъхирнопазири қабули Конститутсия ва бо ин роҳ муайян намудани роҳи рушди давлатдорӣ пеш омад. Маҳз дар натиҷаи исрорварзии Раиси Шӯрои Олии онвақта-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархилофи фикри баъзе намояндагони мардум, ки мехостанд Конститутсия дар ҷаласаи Парлумон қабул гардад, лоиҳаи такмилёфтаи он ба райъпурсии мардум пешниҳод карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 30-солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, дар он тамоми самт ва сиёсатҳои дохилию хориҷии Ватани азизамон дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд. (Мавриди қайд аст, ки 8.5 ҳазор фикру андешаҳо пешниҳод шуда буд, ки гуруҳи корӣ дар муддати се моҳ онро мавриди таҳлил ва омӯзиши амиқ карор дода, варианти ниҳоиро барои райъпурсӣ пешниҳод намуд.)
Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул карда мешаванд. Он соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим намуда, барои рушди устувор ва босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи кофӣ фароҳам меорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. (Чунки аз 100-моддаи он 34 тояш ба ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.)
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат арзёбӣ гардида, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаро ифода менамояд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Ин талабот дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкури ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ғайра) муқаррар шудаанд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст. Аммо то кадом сатҳ дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз бар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони кишварамон низ вобаста мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ҷамъияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мебошад.
Дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. (аз 100-модда 17-тои он ба суд, яъне барои таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, ки адолати судӣ қисми таркибии онро ташкил медиҳад бахшида шудааст)
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамоянд.
Яъне акнун давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян намекунад ва балки онро танҳо эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Дар ҳақиқат аст, ки имрӯз Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки дар ҳамин асос онро бахтномаи миллат меноманд.
Инсон дар Тоҷикистон арзиши оли эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона карда шудааст.
Конститутсия муҳимтарин рукнҳои зоҳирёбии инсон-ҳуқуқу озодиҳои онро низ ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст. Зеро бе арзиши олӣ эълон намудани инсон таъмини волоияти қадру манзалати он имконнопазир аст.
Ҳукук ва озодихои инсон бевосита амалӣ мешавад. Онхо максад, мазмун ва татбики конунхо, фаъолияти хокимияти конунгузор, ичроия, махали ва макомоти худидоракунии махаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи хокимияти суди таъмин мегарданд.
Бо назардошти пешрафт ва тараққӣ намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ , 26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2015 ба Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шудааст.
Маҳз дар асоси ирода ва талаби Пешвои Муаззами миллат буд, ки мо си сол қабл роҳи худро барои сохтани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона тавассути қабули Конститутсия муайян намудем. Тавассути роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафмандонаи меъёрҳои Конститутсия буд, ки мо имрӯз дар чунин давлати ободу зебо ва демокративу ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки дастовардҳои давраи истиқлолияти худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани худ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани як мулки пешрафта ҷаҳду талош намоем.
Раиси суди
шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Диловар