П А Ё М :  РОҲНАМОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

 

П А Ё М :  РОҲНАМОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

 

Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар роҳнамои ҳадафҳои созанда мебошад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро твҳлилд намуда зарур шумурданд, ки шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ соҳибқадамона таъмин карда, сатҳу сифати зиндагии мардум бозҳам баланд бардошта шавад.

 Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 — 2030” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Ҳоло сатҳи зиндагонии аҳоли мамлакат рӯ ба инкишоф ниҳода, руҳияи созандагию ободонӣ ҳар як шаҳрвандро фаро гирифтааст. Ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати кишвар оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти камуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ бо муваффақият роҳандозӣ шуда истодааст.

Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба — солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Дар Паём махсус таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.

Аз ин ру гуфта шуд, ки ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои асосии фаъолияти кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Панҷакент буда, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шудааст.

Раиси Суди шаҳри Панҷакент                                                   Мирзоҳомидзода Д.