Оқибати саривақт мавриди баррасӣ қарор надодани муроҷиатҳо

Оқибати саривақт мавриди баррасӣ қарор надодани муроҷиатҳо

Прокуратураи шаҳри Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар фаъолияти Суҷинаи ш.Панҷакент муайян кардааст, ки Ю.И. ҳамчун сармутахассис муҳандис – заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Суҷинаи ш.Панҷакент фаъолият намуда, муроҷиати Р.Ш. аз санаи 05.12.2024 сол оиди баҳси замин ба унвонии Раиси Ҷамоати деҳоти Суҷинаи ш.Панҷакент ворид гардида, минбаъд барои басррасӣ ба ӯ вогузор карда шудааст, ки бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» амал намуда муроҷиати мазкурро мавриди баррасӣ қарор надода, бидуни сабабҳои узрнок муҳлати баррасии онро гузаронида ба муаллиф ҷавоби хаттӣ надодааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ю.И.-ро бо моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳо, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ю.И. дар доираи раводиди моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.