Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияти боркашонӣ
Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияти боркашонӣ
Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Қ.А. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки Қ.А. санаи 27.02.2025 сол тахминан соати 11:50 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Хундай–Портер» рақами қайди давлатиаш 7047 КК 02 дар роҳи мошингарди Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти боркашонӣ машғул шудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қ.А. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.