М а й д а а в б о ш ӣ

М а й д а а в б о ш ӣ

Ҳуқуқвайронкунанда З.Д. санаи 28.01.2025 сол тахминан соатҳои 15:00 дақиқа ҳангоми дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент қарор доштанаш ба таври таҳқиромез ба шаҳрванд Э.А дарафтода, баҳсу мунозира намуда нисбати ў дашномҳои қабеҳ гуфта мавриди лату куб қарор дода, шаъну шарафи ӯро дар назди дигарон паст зада, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор намудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда З.Д.-ро бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда З.Д. дар доираи раводиди моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.